МАСОИЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДАР ОЧЕРКҲОИ ТАЪРИХИИ УСТОД АЙНӢ

15-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи нависандагону шоирон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рӯнамоии тарҷумаи китобҳои устод Садриддин Айнӣ “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки бо забони англисӣ дар нашриёти “Роутлиҷ, Лондон-Ню-Йорк” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 146-солагии зодрӯзи устод Айнӣ ба табъ расидааст, баргузор гардид. Ҳамзамон, ҳафтаи сипаришуда дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мақолаи Ҷонатан Зарман зери унвони “Маъхазҳои асл ва тарҷумаи англисии онҳо дар очеркҳои С.Айнӣ” (“Адабиёт ва санъат”, №14, 11.04.2024) дар таҳияи Абдусалом Мамадназаров ба табъ расид, ки муаллиф перомуни тарҷума, таҳрир ва нашри очеркҳои таърихии устод Айнӣ – «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» андешаҳои худро иброз намудааст.
Нахуст, мехоҳам махсус зикр намоям, ки воқеан ҳам, коре, ки аз ҷониби мутарҷими асарҳо, профессори ДМТ Абдусалом Мамадназаров ва муҳаррири он профессор Ҷонатан Зарман анҷом дода шудааст, боиси ифтихору сарфарозии ҳар як фарди кишвар аст. Сониян, дар идомаи ташаббусҳои мазкур, мехоҳам диққати хонандаи сатрҳоро доир ба масоили худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ин очеркҳои таърихии устод Айнӣ — «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ҷалб намоям.
Воқеан ҳам, устод Садриддин Айнӣ асосгузори илми тоҷикшиносӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд ӯ сад сол муқаддам ифтихори тоҷик буданро дар дилҳо парварид, дар муҳити имрӯзаи Тоҷикистон низ масъалаи ифтихори миллӣ ва ҳувияти миллӣ аз умдатарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Зеро бо дарназардошти ба вуҷуд овардани ифтихори миллии тоҷикон устод Айнӣ дар ҳамаи эҷодиёташ – асарҳои адабӣ, таърихӣ, илмӣ ва бештар аз ҳама, публитсистӣ ба масоили ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллии тоҷикон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ба ибораи дигар, устод консепсияи онро ба миён гузошт ва дар ин замина, мактаби эҷодӣ ва илмие бунёд намуд. Масъалаҳои миллӣ, хусусан, мавзуъ ҳои худшиносӣ, ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва мубориза баҳри Ватан-Модар меҳвари эҷодиёти устодро фаро гирифтаанд. Ба ақидаи академик М. Имомов, «мазмунҳои худогоҳию худшиносӣ ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти нависанда шурӯъ мешавад». Ӯ аз рӯзи аввал вазифаи худро дар ҷомеа хидмат намудан ба халқ иборат медонист. Агар дар навиштаҳои то солҳои Инқилоби Октябр дар бобати ба илму маориф ҷалб намудани халқ, ки яке аз нишонаҳои баланд бардоштани худшиносии миллист, дар шеъру китобҳои дарсии таълифкардааш изҳори ақида карда бошад, сипас баъди аз асорати зиндони амирӣ баромадан ва ғалабаи Инқилоб барои устод майдони фаъолият хеле васеъ гардид. Аз ин ҷост, ки ба таъбири профессор М.Абдуллозода, «тамоми осори бисёрҷанбаи С. Айнӣ – бадеӣ, илмӣ ва публитсистӣ дар ташаккули ҳувияти миллии тоҷикон нақши бузургро бозидааст».
Асарҳои муҳимме, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри баланд бардоштани рӯҳи миллӣ ва ватандӯстӣ аз тарафи устод Айнӣ эҷод гаштааст, очеркҳои таърихии «Исёни Муқаннаъ» (1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» (1944) ба ҳисоб мераванд. Хусусан, дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», пеш аз ҳама, аз раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободиву боигариҳои табиии сарзамини тоҷик сухан меравад. Ё худ вобаста ба дараҷаи рушди фарҳанг дар ин сарзамин қайд мекунад: «Маданияти баъд аз исломии халқи форс-тоҷик бошад, ба асоси ҳамон маданияти қадимӣ дар Мовароуннаҳр ташкил ёфта, ба ҷойҳои дигар паҳн шуд… Забони адабии баъдазисломияти халқи тоҷик-форс, ки ин забонро дар илм «форсии нав меноманд, дар Мовароуннаҳр ташкил ёфта ва ба воя расида, барои ҳамаи халқҳои форсизабон забони адабии умумӣ гардид».
Дар ин асар низ чун дигар таҳқиқоти устод мафҳуми форс-тоҷик ё тоҷик-форс борҳо истифода шуда, аз равнақи илму фарҳанг ба ин забон бо ифтихори зиёд сухан рафтааст. Зикр мешавад, ки дар Хоразм то замони ҳуҷуми муғул ба забони тоҷикӣ таълиф ёфтани «Захираи Хоразмшоҳӣ» барин як китоби 12-ҷилда сазовори таҳсин аст, ки як қатор шоирон ва олимони форс-тоҷик илм ва адабиёти ҷаҳониро зеб бахшидаанд.
Агар очерки «Исёни Муқаннаъ» дар бораи муборизаи мардуми Хуросон нақл кунад, очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» бевосита дар бораи қаҳрамонии мардуми Мовароуннаҳр қисса мекунад. Хусусан, устод Айнӣ симои қаҳрамони асосӣ – Темурмаликро тавре меофарад, ки корномаи ӯ ҷавонони тоҷикро дар замони душвори ҶБВ ба қаҳрамонӣ ҳидоят намояд: «Яке аз ватандӯстон, ки то имконияти охирин ба чингизиён муқобил истод, қаҳ рамони халқи тоҷик — Темурмалик буд». Ин «ҳокими Хуҷанд – қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик… вазифаи аз тарафи ватан ба гарданаш гузошташударо» сарбаландона иҷро кард, «қарор дод, ки бо ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри имкон ва қувват дар мудофиаи ватан кӯшиш намояд».
Профессор Б. Камолиддинов қайд менамояд, ки «дар симоофарии С. Айнӣ як равияи писандидаи нависанда мушоҳида мешавад. Дар тасвири нахусти симои зоҳирию ботинии қаҳрамони асар ҳама аломатҳои зоҳирию ботинии ӯро ба тафсил тасвир мекунад. Вале бори дигар сухан дар бораи ҳамон қаҳрамон равад, ӯро на бо номаш, балки бо ягон аломати зоҳирӣ ё ботинии ба назар намоёнаш ёд мекунад». Устод Айнӣ агар Муқаннаъро «ҷанговари қаҳрамон», «нотиқи гузаро», «олими забардаст ва нотарс», «лашкаркаши моҳир», «стратеги дурбин» нишон дода бошад, Темурмаликро борҳо «қаҳрамон» меномад ва ифодаҳои «ҷавонони тоҷики қодирандоз», «адмирали худраси тоҷик», «тоҷикони қаҳрамони Хуҷанд»-ро истифода мебарад. Барои тасдиқи фикр нависанда ҳатто аз маъхазҳо низ истифода бурда, қаҳрамонии халқи тоҷикро тасвир месозад.
Бояд қайд кард, ки устод Айнӣ ба тасвири корнамоии беамсоли Темурмалик қабл аз ин ҳам диққат дода буд. Дар очерки «Тирози ҷаҳон», ки соли 1936 таълиф шудааст, қисмати муҳиммеро муборизаи Темурмалик ва ҳамшаҳриҳои ӯ бар зидди истилогарони муғул ташкил менамояд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ такроран ба ин мавзуъ муроҷиат намудани нависанда ба мароми муайяни эҷодии замон алоқаманд аст.
Устод Айнӣ саргузашти Темурмаликро дафъаи дуюм ба тарзи дигар қаламдод кард. Агар ӯ дар очерки «Тирози ҷаҳон» дар хусуси ҷанги ҷонсупоронаи Темурмалик аз рӯйи навиштаҳои таърихнависон бо услуби илмию публитсистӣ нисбатан оромона сухан ронда бошад, дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» бо ҳиссиёти хос ва оҳангҳои даъвату мубориза қаламкашӣ кардааст. Ҳамчунин, нависанда мехост, ки бо тасвири муборизаҳои қаҳрамононаи замонҳои пеш муборизони зидди фашизмро ба қаҳрамониву диловарӣ рӯҳбаланд кунад. Воқеан, дар ин асари устод Айнӣ истилои муғул, ваҳшонияти истилогарони чингизӣ дар Мовароуннаҳр ва муборизаи халқ ба муқобили лашкари бешумори душман тасвир шудааст. Дар маркази диққати муаллиф Темурмалик, ки ҳокими Хуҷанд буда, дар дифои ин шаҳр ва баъд аз он ҳам қаҳрамониҳои беназир карда буд, қарор гирифтааст.
Дар ҳақиқат, ҳар ду очерк: «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дар бобати баланд бардоштани руҳи миллии халқи тоҷик саҳми намоён доранд. Устод Айнӣ шахсиятҳои таърихиро барои насли нав мояи ибрат нишон дод, ки бесабаб набуд. Онҳо, аз ҷумла, Муқаннаъ ва Темурмалик наҷоти халқро аз зулму ситам ва ғасби душманон мехостанд.
Дар ин росто, хидматҳои устод Айнӣ дар офаридани симоҳои таърихии муборизони роҳи озодӣ, қаҳрамониҳои намояндагони халқи тоҷик бузург аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин ҷониби фаъолияти устод Айнӣ вусъат ёфт. Ӯ бо таълифи асарҳои ватандӯстонаву мондагор дар роҳи мубориза алайҳи фашизм ва ҳидояти халқи хеш дар мудофиаи Ватан талоши сазовор намуд. Дар ин бора ҳақ бар ҷониби фарзанди устод Айнӣ – Камол Айнӣ аст: «Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ падарам бештар дар мавзуи ватанпарастӣ асар эҷод мекард. Гоҳо ӯ ба таърихи қаҳрамонии мардуми тоҷик назаре меандохт. Вай қиссаи рӯзгори бузургони муборизи гузаштаро бо забони рӯз ва барои имрӯзи мамлакат – барои бедории рӯҳи қаҳрамонӣ ва ҳисси ватанпарастии ҷанговарони тоҷик дар китобҳояш нақл мекард, корномаи мардони далерро ба лавҳаи тасвири бадеӣ меовард, ки ба мақсади асосии мардум — бар фашистони одамхор ғолиб омадан хидмат карда тавонад».
Дарвоқеъ, дар очеркҳои таърихии «Исёни Муқаннаъ», «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» масоили худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи арзишҳои марзу бум ба таври барҷаста, бо истифода аз аносири ҳунариву эҷодӣ инъикос гардидааст. Дар зимн, омӯзиши ҳамаҷонибаи асарҳои зикршуда имрӯз ҳам дар замони бархурдҳои фарҳангӣ ва вазъи муташанниҷи ҷаҳони муосир аҳамияти баландро касб кардааст. Дар баробари ин, онҳо метавонанд дар таҳкими истиқлолу ваҳдат, бузургдошти арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ мусоидат намоянд.
Дар заминаи таҳқиқи осори илмӣ, публитсистӣ, таърихии Садриддин Айнӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар асарҳои мазкур масоили ҳувияти миллӣ ва шинохти халқу миллати тоҷик дар меҳвар қарор гирифтааст.
Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлатдории навин осори гаронбаҳои устод Айнӣ хидмати арзанда менамоянд. Хусусан, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, расидан ба қадри арзишҳои давлатӣ ва такмили илми тоҷикшиносӣ дар кишвар метавон самарбахш истифода кард. Аз ин рӯ, бо дарназардошти пажуҳишҳои бисёрсола доир ба ҳувияти миллӣ дар осори устод Айнӣ пешниҳод менамоем, ки:
1. Асарҳои устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумла, «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғития», «Ғуломон», «Марги судхур», дар умум, публитсистикаи миллиаш ба шакли мунтахабот ё тамоми эҷодиёташ, ки ҳамаи онҳо сазовори таваҷҷуҳи аҳли олам аст, бо шаш забони расмии дунё чоп кунему паҳн намоем.
2. Дар Тоҷикистон Маркази Айнишиносӣ ташкил дода шавад, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод ва тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ — айнишиносон машғул гардад.
3. Дар ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълимӣ Айнишиносӣ ҳамчун фан дохил карда шавад ва бо дарназардошти ихтисос таълим дода шавад: адабиётшиносии Айнӣ, таърихнигории Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли инҳо.
4. Дар заминаи феҳрасти солҳои 1963 ва 1978 омода ва чоп намудани феҳрасти нави осори устод Айнӣ ва адабиёт вобаста ба ӯ дар ду ҷилд, ки ҷилди аввали он аз соли 1978 то солҳои Истиқлоли давлатӣ ва ҷилди дуюми он давраи Истиқлоли давлатиро фаро гирад, ба манфиат хоҳад буд.
5. Гирдоварӣ ва бознашри нусхаҳои асарҳо ва пажуҳишҳо оид ба фаъолияти устод Садриддин Айнӣ, ки бо забонҳои хориҷӣ чоп шудаанд ва дар китобхонаву марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ маҳфузанд, амрест воқеӣ.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология